«WORLDEF-DUBAI 2024». Дар Павилиони миллии Тоҷикистон беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба намоиш гузошта шудааст
4 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» оғоз гардид. Дар он Павилиони миллии Тоҷикистон кушода ва дар он беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзии ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
Дар намоишгоҳ Павилиони миллии Тоҷикистон хеле сертамошобин аст.
Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» майдони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ду рӯз идома меёбад. Ҳамасола дар он беш аз 5000 ширкати байналмилалӣ аз давлатҳои гуногун иштирок мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо зиёда аз 100 давлати мухталифи ҷаҳон робитаи савдои хориҷӣ дорад. Дар баробари ин 500 намуд маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ватаниро ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содирот менамояд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон