Қадрдонии Гейтс барои саҳмгузорӣ дар решакан кардани фалаҷи атфол

Президенти Покистон Ориф Алвӣ рӯзи панҷшанбе, 17-уми феврал, яке аз волотарин ҷоизаҳои ғайринизомии ин кишвар-Ордени Ҳилоли Покистонро ба муассиси ширкати “Microsoft”-Билл Гейтс ба хотири эътирофи хизматҳои ӯ барои башарият ва решакан кардани бемории фалаҷи атфол супурда шуд. Дар ин бора агентии иттилоотии “ТАСС” хабар додааст.

Рӯзи 17 феврал Бил Гейтс бо сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот карда, вазъи мубориза бо коронавирус ва фалаҷи атфол дар Покистонро баррасӣ карданд. Имрон Хон тасдиқ кард, ки маҳви бемории фалаҷи атфол дар Покистон аз авлавиятҳои аслии ҳукумат боқӣ мемонад ва тамоми талошҳо дар ин кишвар барои густариши маъракаи зидди ин беморӣ сурат мегирад.

Бояд гуфт, ки Бил Гейтс яке аз сарватмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон аст, ки ташкилоти хайрияи ӯ-“Бунёди Билл ва Мелинда Гейтс” дар решакан кардани бемории фалаҷи атфол дар Покистон нақши муҳим дорад. Гейтс соли 1955 дар Сиэтли Вашингтон таваллуд шуда, муассиси “Microsoft Corporation”- бузургтарин ширкати компютерҳои фардӣ, дар ҷаҳон аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE