Бразилия: Марги садҳо нафар бар асари обхезӣ
Теъдоди қурбониёни ярч ва обхезии шаҳри Петрополиси аёлати Рио-де-Жанейрои Бразилия ба 105 нафар расид. Дар ин бора хабаргузории “Синхуа” дар такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ дар пайи ин офати табиӣ беш аз 140 нафар бедарак шудаанд.
Қаблан расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода буданд, ки дар натиҷаи обхезӣ садҳо оила аз манзилҳои истиқоматӣ маҳрум гашта, беш аз 500 нафар ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи январи соли 2020 бар асари офати табиӣ дар ҷанубу шарқи ин кишвар 66 нафар ба ҳалокат расида буданд. Ҳамзамон, моҳи январи соли 2011 бар асари ярч ва обхезӣ дар манотиқи кӯҳистонии Рио-де-Жанейрои Бразилия беш аз 900 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 100 нафар бедарак шуданд ва беш аз 35 00 нафари дигар аз манзилҳои истиқоматӣ маҳрум гардиданд.
Баҳруллои АБДУЛЛО,
Радиои Тоҷикистон