Барқияи табрикӣ ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрик ва таҳният менамоям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил, дар пешбурди ваколатҳои тозаи пурмасъулиятатон ва дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафти Олмони дӯст дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин тақвияти беш аз пеши обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳо орзумандам.

Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ин замина мо хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Изҳори умед менамоям, ки бо саъю эҳтимоми муштарак шарикии гуногунҷанбаи кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳанд шуд.

 Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE