Гармои тоқатфаро дар кишварҳои Аврупо: Беш аз ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд
Беш аз як ҳафта мешавад, ки гармои тоқатфарсо ва бесобиқа кишварҳои Осиё ва Аврупоро фаро гирифтааст. Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ алкай дар Аврупо беш аз 1000 нафар бар асари гармии ҳаво ба ҳалокат расиданд. Ҳарорати баланди ҳаво боиси ба амал омадани сухтори ҷангалзорҳо гардидааст. Тавре мақомоти Испания ва Португалия тавасути расонаҳои маҳаллӣ изҳорот доданд, алангаи оташ ба маҳаллаҳои аҳолинишин таҳдид намуда истодааст. Аз ин хотир кормандони хадамоти изтирорӣ сокинонро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. Дар таърихи Британияи Кабир бори аввал аст, ки сатҳи хатари “сурх” эълон шуд. Мақомоти Британия ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки то ҳадди имкон дар хона бимонанд ва аз сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ худдорӣ кунанд. Дар робита ба ин вазъият ҳукумати Британия ҷаласаи изтирорӣ баргузор кардааст. Пас аз баргузории ҷаласа мақомоти Британия бо пахши як изҳорот хабар додааст, ки дар зери хатар пиронсолон ва кӯдакон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол коршиносон бар он назаранд, ки ҳарорати баланди ҳаво ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфии худро мегузорад. Махсусан дар ин раванд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш меёбанд. Дар Руминия, хушксолӣ алакай боиси талаф ёфтани ҳосили ғалла гардидааст. Мақомоти ин кишвар аз сокинон хостаанд, ки масрафи обро кам кунанд, то захираи кофӣ барои обёрии киштзорҳо бошад. Ҳамзамон, гармии ғайримуқарарии ҳаво дар Фаронса боиси эвакуатсия кардани беш аз 14 ҳазор нафар гардид. Дараҷаи ҷиддитарин, ба истилоҳ “норинҷӣ”-и хатар аллакай дар 38 минтақаи Фаронса эълом шудааст. Баландии ҳарорати ҳаво ва сухтори ҷангалзорҳо беш аз 3000 нафар сокини Испанияро маҷбур кардааст, ки хонаҳои худро тарк намоянд. Алакай дар якчанд минтақаи Испания махсусан музофотхои Кастилия, Леон, Галисия ва Экстремадура сухтори ҷангалзорҳо идома дорад. Дар Португалия бошад беш аз 30 ҳазор гектар ҷангал ба коми оташ фуру рафтааст, ки ҳангоми хомӯш кардани оташ беш 100 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ ин бузургтарин хисороти сӯхтор аз тобистони соли 2017 аст. Ҳамзамон, сухторҳои шадиде, ки дар пайи гармии тоқатфарсои ҳаво ба амал омаданнд, дар якчанд кишвар аз ҷумла Марокаш ва Туркия идома дорад.
Баҳруллои Маҳмадшариф
Радиои Тоҷикистон