Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ангола барқарор гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ангола муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5 октябр дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ангола баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Ангола дар СММ Мария Феррейра имзо карданд.