Душанбе: Сохтмони мактаб барои 3500 хонанда оғоз мегардад
Дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров, 2 ноҳияи Синои пойтахт (рӯ ба рӯи ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», дар хиёбони С.Шерозӣ) сохтмони мактаб барои 3500 хонанда (дар ду баст) оғоз мегардад. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 ноябри соли 2021 лоиҳаи бинои мактабро КФ КВД «Лоиҳакаш» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия намуда, фармоишгари он ҶДММ «Сарманзил» мебошад
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 16 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14228 ҷой ва 14 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1980 ҷой бунёд гардиданд.