Душанбе: Хатсайри нави автобуси №15 фаъол мешавад

Шурӯъ аз 12 апрел дар пойтахт хатсайри нави автобусии №15 (маҳаллаи 103-юм — шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур)  ба фаъолият оғоз менамояд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Хатсайри мазкур дар заминаи микроавтобуси №15 ба фаъолият оғоз намуда, автобусҳо дар он тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат менамоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE