Пагоҳ аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ба Тоҷикистон меоянд

Пагоҳ, 3 июн  аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  ҷиҳати иштирок дар  ҷаласаи пешвоёни  Эътилофи обу иқлим, ки 4 июн ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи мазкур дар Душанбе баргузор  мегардад ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд  оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Тоҷикистон  меоянд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе   тибқи ташаббуси Тоҷикистон  аз ҳисоби намояндагони  воломақому  коршиносони байналмилалии кишварҳои  узви Созмони Милали Муттаҳид, зерниҳодҳои он ва созмонҳои байналмилалӣ  барои  пешбурди раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Интизор меравад, ки аъзои Кумитаи байналмилалии  машваратии Раванди оби Душанбе  аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, иншооти бузурги обии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳое, ки дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил карда мешавад, боздид намоянд.

Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе  бо мақсади бомувафаққият гузаронидани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», аз ҷумла таҳияи барномаи фарогир ва санади ниҳоии Конфронс ташкил карда шудааст.

Кумита аз 30 намояндагон ва коршиносони кишварҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон (Африка, Осиё, Австралия, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Лотинӣ), ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, молиявӣ ва минтақавӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор ташкил ёфтааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE