ММТ: Аз қаллобон эҳтиёт шавед
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофияту адолатро муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) кафолат медиҳад. Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар як довталабро ба таври шаффофу воқеӣ арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Ин матлаб дар муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабони ИМД дар соли равон дарҷ гардидааст.
Дар муроҷиатномаи марказ ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳар сол марказ дар оғози марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ин имтиҳонҳо ва таъкид ба довталабон барои дуруст амал кардан дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳост.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шахсони қаллобе ҳастанд, ки баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт ба онҳо ваъдаи кумак карданро зимни дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд. Аз ин рӯ эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст.
«Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори ҳаштсолаи марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ҳаргиз таъсир расонида наметавонад», — омадааст дар муроҷиатномаи Марказ.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобӣ дар раванди ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи нодуруст нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз алоқамандони низоми ИМД хоҳиш карда шудааст, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошанд. «Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Он фиреби маҳз асту бас!», — гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю нофаҳмие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми тадбирҳои заруриро биандешад.
«Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Барои шахси солимақл маълум аст, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот ёрӣ расонидани касе ба довталаб имкон надорад», — навиштааст Марказ.
Маркази миллии тестӣ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш намудааст, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё ба ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба Марказ иттилоъ диҳанд.