Сироҷиддин Муҳриддин намояндагони кишварҳои аъзои СММ-ро ба Душанбе даъват намуд

3 март дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Нақшаи амали муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид» ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қабул ва татбиқи ду Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 ёдовар гардид.

«Аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки дар Конфронси дарпешистодаи сатҳи баланд, ки дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» дар моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд»,- таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE