Душанбе: Баргузории барномаи фарҳангӣ – фароғатии «Чароғи маърифат» аз ҷониби ҲХДТ
3 март дар Кохи «Парфенон»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИМ ХХДТ) барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Чароғи маърифат» баргузор гардид.
Дар ҷамъомади идона муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва фаъолзанони вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳузур доштанд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа силсилаи тадбирҳои судманд андешид, ки дар таърихи миллат камназир ва бесобиқа мебошанд.
-Масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ҷомеа дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, Раиси муаззами ҳизб дар ҳама маърӯзаву суханрониҳояшон дар анҷуманҳо, маҷлисҳои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб пайваста масъалаи баланд бардоштани мартабаи занонро таъкид намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки дар мавриди ба корҳои ҳизбӣ фаро гирифтани занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Маҳз талошҳои пайвастаи Пешвои миллат имкон доданд, ки занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ва умури давлатӣ роҳ ёбанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд,-афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки нақши занону бонувон дар рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола ва ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид мекунанд, ки нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург маҳсуб мешавад.
Дар ҷамъомади идона ҳамчунин гуфта шуд, ки имрўз дар сохтори ҲХДТ шумораи зиёди занон фаъолият доранд. Чанд нафар бонувон, кормандони озоди ҲХДТ ба вазифаҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун таъйин гардидаанд. Ҳамзамон шаш нафар аъзои Раёсат ва 30 нафар аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро занон ташкил медиҳанд. Имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. ҲХДТ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбари худ ташаббусҳои созандаи занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба тақвияти нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир мекунад.
Бузургони олам аз қадим то ба имрўз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурўтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модаронро ситоиш мекунанд ва ба номи покатшон ҳамду сано мехонанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунад ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорад.
Сипас ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Оилаи соҳибхирад”, “Оилаи соҳибмаърифат”, “Оилаи намунавӣ” ва “Оилаи ҷавон” бо “Диплом”, “Сипоснома” ва дигар туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмунҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрии ҳизб дар ду марҳила роҳандозӣ гардиданд.
Пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Саидқул Билолов, Афзалшоҳ Шодиев, Ҷовидон Нозимов, Муҳаррама Шарипова, Шоҳин Абдуллоев ва дигарон ба ҳамоиши идона шукуҳи тоза бахшид.