22-СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР

Таъсиси Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ, насими умедбахш дар ҳаёти фарҳангию иҷтимоии сокинони Тоҷикистон ва як воситаи дигар барои пур кардани фазои иттилоотии кишвар буд. Иқдоми наҷибро нависанда ва эҷодкори соҳибтаҷриба шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ-собиқ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт. Хушбахтона,  ин ташаббус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт. Ниҳоят, 18-уми  январи соли 1999 нахустин барномаҳои радиои «Садои Душанбе»  пешкаши шунаванда гардонида шуд.

 «Садои Душанбе» аз рӯи самт (формат)-и фаъолият  шабакаи иттилоотиву фароғатӣ буда, барномаҳо  асосан ба пешрафту камбудиҳои ҷойдошта, иду ҷашнҳои милливу таърихӣ, мавзӯъҳои рӯзмара ва воқеаву ҳодисаҳои нав нигаронида шудаанд. Ин шабака барномаҳои худро 24 соат (12 соат бо пахши такрорӣ) бо ду забон -тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва пешниҳоди шунаванда  мегардонад. Теъдоди барномаҳо  дар маҷмӯъ ба 40-адад мерасад, ки ҳамарӯза аз 8 то 9 барномаи асл садо медиҳад.

Дар партави “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барномаҳои “Фарҳанг ҳастии миллат”, “Фирдавс инҷост”, “Сарзамини ҷовид”, “Ҷилои ҳунар”, “Тоҷикистон” ва “Ҳунар аз молу мероси падар беҳ” омода ва пахш гардида истодаанд.

Омодагиҳо ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, раванди бунёди НБО “Роғун”, саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ғайра тавассути барномаҳои “Нигоҳи рўз”, “Ҳадаф”, “Муошират”, “Суҳбат дар мавзӯи рӯз”, “Муждаҳои истиқлолият”, “Ҳамсадо” ва ғайра инъикос ёфта истодаанд.

Имсол нақша дорем, ки барномаҳои нав, аз ҷумла, “Сиришт”-аз рӯзгори шахсони наҷиб, “Ҳазлнюш”-ҳаҷвӣ, “Нигоҳи рӯз” таҳлилӣ-сиёсӣ, “Наврас”-муаррифии истеъдодҳои наврас ва “Амвоҷи ҳунар”-фарҳангӣ-маърифатӣ, ба эфир барорем.

Радиои «Садои Душанбе» аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш масъулияти волоро дар таблиғи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангу тамаддун, баланд бардоштани ҳисси милливу худшиносӣ ва ғурури миллӣ дар тинати мардуми кишвар пайгирӣ карда, то кунун ин рисолатро идома дода истодааст. Ин аст, ки яке аз сершунавандатарин радио дар Тоҷикистон шинохта шудааст. Далеи ин гуфтаҳо назарсанҷии соли 20182019 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало» шуда метавонад, ки зимни як таҳқиқоти он «Садои Душанбе» миёни тамоми радиоҳои кишвар мақоми аввалро касб карда буд.

Аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» пайгири сиёсати пешгирифтаи давлату Хукумат буда, дар тамоми мавзуоти муҳими ҷомеа барнома омода месозанд. Ин аст, ки сол то сол сифати барномаҳо  беҳтар гардида истодааст.

Феълан нерӯи кории радиои «Садои Душанбе»-ро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад, ки онҳо бо диди наву замонавӣ ва маҳорати баланди касбӣ барномаву гузориш омода месозанд. Ин рақобатпазир шудани шабакаро миёни дигар радиоҳои давлативу хусусӣ дучанд мекунад.

Бояд зикр кард, ки масъулини радиои «Садои Душанбе» барои минбаъд низ нақшаи кори худро тартиб дода, баҳри иньикоси масойили мубрами рӯз талош мекунанд.

Шумо “Садои Душанбе-ро рӯи мавҷи 102.2 FM метавонед  бишнавед. 22-соли муваффақият муборак!

                                                        Сармуҳаррири радиои

       « Садои Душанбе»:    Фирӯз Каримзода

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE