Душанбе: Тағйирот дар нақшаи ҳаракати хатсайрҳо

Аз 1 марти соли равон ҷиҳати интиқоли муcофирон то Маркази савдои «Кӯшониён» дар аксари хатсайрҳои пойтахт тағйирот ворид карда шуд, хабар доданд аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ба нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ — бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои «Балх», тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои «Кӯшониён» ва хатсайри микроавтобусии №19 (маҳаллаи Пахтакор — боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои «Кӯшониён» тағйирот ворид гардид.

Ҳамзамон ҳамарӯза аз маркази савдои «Кӯшониён» хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор — бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурудгоҳи кӯҳна — бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли «Чорбоғ»- МТМУ №61), №21 (кӯчаи Гагарин (ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ — бозори «Кӯшониён» ва №53 (кӯли «Чорбоғ»- НФС «Газпром») ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии хатсайрҳои автобусии муосири ватанӣ ва хатсайрҳои микроавтобусии болозикр истифода баранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE