Ҳайати фарҳангу санъати Туркманистон ба Тоҷикистон омад
Бо мақсади иштирок дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» ба муносибати сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор намудани барномаи консертӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як гурӯҳ намояндагони фарҳангу санъати Туркманистон ба Тоҷикистон омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аҳли фарҳанги Туркманистон аз боғи «Парчами миллӣ», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид намуда, барои худ таассуроти нек гирифтанд.
Ҳамзамон меҳмонон аз накҳати гулҳои рангорангу лолаҳои мавсимии хиёбону гулгаштҳои пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дидан намуданд.