Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик

Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик бо баргузории барномаи идонаи фарҳангӣ ва намоиши китоб таҷлил гардид, ки дар он мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода,  Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовинони Вазири фарҳанги мамлакат, сармуҳарирони рӯзномаву маҷалла, директорони радиову телевизионҳои мамлакат ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш Рӯзи матбуоти тоҷикро аз қабили падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки  он  бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман   ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 110 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола  ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма,   матбуот ва  табъу нашр  таҷлил  карда мешавад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода доир ба роҳи тайкардаи матбуоти тоҷик сухан гуфта, нақши рӯзноманигоронро дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар ва баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа муҳим ва арзанда арзёбӣ намуд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ  ба як зумра рӯзноманигорон унвонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», сипосномаҳо ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому  ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.

     

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE