Душанбе: Оғози Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳр
16 март дар пойтахти мамлакат Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» оғоз гардид, ки он то 19 марти соли равон идома меёбад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар заминаи нақша-чорабиниҳои Фестивал иштирокчиён нахуст дар фазои тантанавӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузоштанд.
Сипас дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат- мояи ифтихор ва саодату сарҷамъии мо, ҷавонон» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, намояндагони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, донишҷӯёни хориҷии пойтахт, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмиллалӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр кард, ки ҷавонон ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди Тоҷикистон буда, дар пешрафти кишвар, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон, инчунин муаррифии мамлакат дар ҷаҳони мутамадин саҳми намоён мегузоранд.
Дар ҳамоиш масъулини дигари сохтору идораҳо дар мавзӯъҳои «Нақши Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии Наврӯз», «Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат-мактаби бузурги тарбияи худшиносии насли ҷавон», «Дастгирии давлатии ҷавонон омили муҳими расидан ба ҳадафҳои созанда» ва ғайраҳо маърӯза намуданд.
Дар доираи барномаи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» дигар чорабиниҳо низ ба нақша гирифта шудааст.