Дар Душанбе марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд

Дар арафаи Рӯзи  кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар таҳти унвони «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» чорабинии пешгирикунандаи зиддинашъамандии марафони велосипедронӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин хусус дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аз истеъмоли маводи нашъаовар, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ байни наврасону ҷавонон оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷеабори он ва тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд.

Зимни баргузории марафон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе ва истгоҳи назди «Сиёма» ба мардуми ҷамъомада варақаҳои иттилоотӣ оид ба зарари маводи мухаддир тақсим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 инҷониб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар муайян карда шуд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE