Барқияи таслият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар ҷануби Чин, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор менамоям».