Сироҷиддин Муҳриддин дар Исломобод бо Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кард
21 март дар шаҳри Исломобод дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи барои ҳар ду ҷониб судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа табодули афкор намуданд.
Дирӯз ҳамчунин Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистонро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ба вежа Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо инчунин раванди амалисозии мувофиқаҳое, ки дар рафти сафарҳои сатҳи олӣ дар соли 2021 ба даст омада буданд, муҳокима намуданд.