Телевизиони нави «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» расман кушода шуд.

Имрӯз дар фазои тантанавӣ дар мамлакат телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кушода шуд.

Нахуст, дар саҳни шабакаи навтаъсиси телевизонии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳунармандони шаҳру навоҳии пойтахт баҳри муаррифии ҳунарҳои дастранҷи худ, аз қабили чодар, куртаҳои гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар навъи ҳунарҳое, ки аз ниёгонамон то ба мо омада расидаанд, пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар расми ифтитоҳи ин шабакаи бонуфуз, Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва як гурӯҳ адибону рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Навозандагон бо мусиқиҳои дилангез фазои идона ташкил намуда, ҳолати равонии иштирокдоронро шод гардониданд.

Сипас, бо пахши тугмаи фаъолгардонӣ ва садо додани суруди миллӣ телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” расман ба фаъолият оғоз намуд.

Баъдан баҳри расонидани таманниёти неки худ, меҳмонон ба маҷлисгоҳи шабака ҳозир шуданд. Нахуст, Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба сухан баромада, аҳли ҷамъомадагон, хосса кормандони шабакаро бо рӯзи таъсисёбиаш табрику муборакбод намуд. Мавсуф зимни суханронии худ қайд кард, ки “Мо ба ин васила метавонем фарҳанги хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, иқтисодиёти кишварро боло бардорем”. Ҳамчунин, таъкид дошт, ки рӯзноманигорон дар самти таҳияи барномаҳои баландмазмун масъулиятнок бошанд

Дар идома, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аҳли ҳозиринро бо оғоз намудани фаъолияти шабакаи телевизионии нав дар кишвар шодбош гуфтанд. Зимни суханронии худ Нуриддин Саид қайд кард, ки “ба воситаи ин шабака мо на танҳо фарҳанги худро, балки сиёсати кишварро ба хориҷи мамлакат муаррифӣ менамоем”.

Умеди Шарифзод, муовини аввали директори Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар суҳбат бо хабарнигори мо зикр дошт, ки “барномаҳои шабакаи мазкур ҳамарӯза бо 3 забон пешкаши тамошобинон гардонида мешавад”. Ба таъкиди мавсуф, алҳол мавҷи аналогии шабакаи мазкур дар саросари кишвар 56%-ро ташкил медиҳад, ки ин дар ояндаи наздик ба 100 фоиз расонида хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар шабакаи телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 143 воҳиди кории иборат аз ҳайати эҷодӣ ва техникӣ ба кор ҷалб шуданд, ки ҳамарӯза бо пахши барномаҳои ҷолибу диданӣ табъи тамошобинонро болида хоҳанд кард. Ба таъкиди масъулин, дар ояндаи наздик дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақша доранд, ки барномаҳои худро аз мавзеҳои сайёҳии хориҷи кишвар омода намуда, манзури тамошобинон намоянд.

Ба таъкиди мсъулин, шабакаи мазкур дар як шабонарӯз тавони 16 соат пахш кардани барномаҳоро дорад. Тазаккур дода шуд, ки мақсади асосии фаъолияти телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ дар самти таҳкими рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат арзёбӣ мегардад.


Ёдовар мешавем, ки бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 2 соли охир се шабакаи нави телевизионӣ – «Илм ва табиат», «Шаҳнавоз» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Комрони Абдувалӣ

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE