Душанбе: Масоили тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд

Конфронси дурӯзаи чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (КОМТИ-2021)  дар Душанбе ба анҷом мерасад, хабар медиҳад маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бинобар пандемия конфронс дар шакли омехта — онлайн ва офлайн  баргузор гардид. Мавзӯи асосии он ҳамгироии талошҳои кишварҳои минтақа барои пешгирӣ аз болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 1,5°C мебошад.

Иштирокчиён — роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷавонон, коршиносони созмонҳои  байналмилалӣ стратегияҳои иқлимро, ки дар сатҳи миллӣ таҳия шудаанд, инчунин ҷараёни татбиқи Созишномаи Париж оид ба иқлим ва маблағгузории лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд.

Бо партофтани партовҳо ба ҳавои атмосфера вазъи иқлим ногувор мешавад, мегӯянд иштирокчиёни конфронс.  Ва гузариш ба нақлиёти барқӣ ва манбаъҳои энергияи тоза ба ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард. «Мушкилоти таъсири мо ба муҳити зист ва посухҳои табиат ба амалҳои мо, ки бо он алоқаманданд, посухи шахсии моро талаб мекунанд. Ва чизи аз ҳама муҳим- мутобиқшавӣ ба равандҳои рухдода мебошад. Мо бояд механизмҳои мутобиқшударо ҷӯем, онҳоро ба шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ мутобиқ созем. Онҳоро амалӣ намоем, то ҳамаи оқибатҳои имрӯза бо тағйирёбии муҳити зист сабук карда шаванд»,-  гуфт узви Шӯрои мудирони Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, раиси Ассотсиатсияи шикорчиёни Тоҷикистон Алихон Латифӣ.

Бояд тазаккур дод, ки КОМТИ-2021 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) созмон дода шудааст. Конфронси Душанбе ба 20-умин солгарди оғози фаъолияти CAREC бахшида шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE