Пагоҳ дар Душанбе тамомии ташхису табобат ройгон аст

Пагоҳ, 7 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон таҳти шиори «Сайёраи мо-солимии мо» чорабинии ҷумҳуриявӣ доир шуда, ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад, ки дар он устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ иштирок мекунанд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе аз соати 8.00 то соати 14.00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (кӯчаи Маяковский 2, рӯ ба рӯи Сафорати Олмон дар Душанбе) хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

Ҳамчунин хизматрасонии мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.

Дар ин рӯз устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машваратҳои тахассусӣ доир менамоянд.

Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хизматрасониҳои ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE