Душанбе: Ҳамоиши илмӣ дар самти саноатикунонӣ
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат — омили асосии пешрафти кишвар» ҳамоиши илмиву маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намудааст, ки ин иқдом метавонад дар кӯтоҳтарин фурсат дар роҳи бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми бориз гузорад.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки «бо дарназардошти вазъи бозори ҷаҳонӣ ва аҳамияти саноат дар иқтисодиёти ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегии мамлакатро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд ва чунин иқдоми саривақтӣ аз ҷониби аҳли илму техника, саноатчиён, омӯзгорони соҳаи илмҳои техникиву риёзӣ ва соҳибкорону сармоягузорон дастгирӣ ёфт».
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз пойгоҳҳои асосии илмӣ- техникӣ буда, мақсади асосии он омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ мебошад. Бо ин мақсад, бино ба иттилои Қудрат Давлатзода, имрӯзҳо дар донишгоҳ дар заминаи 7 факултет барои тамоми бахшҳои саноат мутахассисони соҳибкасб омода карда мешаванд.
«Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчунин курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳандасӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин метавонад дар таъмини бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, меъморӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ, энергетика, нақлиёт ва ғайра дар Тоҷикистон нақши созгор гузорад», — маълумот дод ӯ.
Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов бо овардани далелу мадракҳои таърихӣ дар даврони собиқ ИҶШС ва таҷрибаҳои нодири саноатикунонии он замон ба олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилооти воқеӣ пешниҳод намуд.
Мавсуф гуфт, ки донишҷӯён ва аҳли илму дониши Донишгоҳи техникӣ дар масири татбиқи чорумин ҳадафи стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, масъулияти асосӣ ва хеле бузург бар дӯш доранд. «Ҳоло вақте расидааст, ки ҷавонон вақти худро дар роҳи расидан ба камоли илму маърифат ва дастовардҳои илмиву техникӣ самаранок истифода намоянд»,-муроҷиат намуд Ғайбулло Авзалов ба донишҷӯён.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки «имрӯз Тоҷикистон аз асоситарин кишвари содиркунандаи семент дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, умед аст, ки дар сурати рушди соҳаи саноат ва дастрасӣ ба технологияҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои илман коркардшуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ метавонад ба яке аз давлатҳои пешрафтаи саноатӣ табдил гардад». Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дорои бузургтарин захираҳои табиӣ, заминҳои кишоварзӣ ва сармояҳои инсонӣ аст.
Ҳамчунин мавсуф оид ба манфиати электромобилҳо дар рушди соҳаи саноати Тоҷикистон ва татбиқи илм дар истеҳсолот сухан гуфта, аз донишҷӯён ва олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиддан истеъдод, дониш, таҷриба ва дониши баланди техникӣ тақозо намуд ва ҷавононро ба навоварӣ, ихтироъкорӣ ва дарки воқеии саноат ва истеҳсолоти миллӣ ҳидоят сохт.
Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Қобил Ташрипов изҳор дошт, ки саноат асоси пешрафти давлатҳо дар ҷаҳони муосир буда, Тоҷикистон барои рушди тамоми бахшҳои саноат заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.