Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Имрӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Баъд аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома аз ҷониби Сафири Қазоқистон ба муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд.

С.Имомӣ ба В.Туреханов дар амалисозии фаъолият ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои шарокати стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон муваффақият орзу намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE