Душанбе: Қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ

Шурӯъ аз имрӯз, 15 апрел то 30 декабри соли равон бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум то кӯчаи А. Навоӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 ба имзо расид. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи қарори мазкур, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти таъмири асосии кӯчаи Зарафшон аз хиёбони Н. Махсум  то кӯчаи А. Навоӣ мегузарад, тавасути   кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE