Ғафуров: Ифтитоҳи Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Суғд»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Коргоҳи коркарди санги хоро ва мармари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хорои Суғд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии корхона соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар майдони 1,2 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Абдулҳамидов мутобиқ ба талаботи замон ва тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Коргоҳи навбунёд барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ 2 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад.

Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои Ҷумҳуриии Мардумии Чин ва Италия дастрас карда шудааст.

Иншоот аз як ошёна иборат буда, баъди ба фаъолият оғоз намудани он барои 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам гашт.

Бояд гуфт, ки шумораи коргоҳи коркарди санги хоро ва мармар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ададро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 — 93,8 ҳазор метри муррабаъ ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 — 5,1 ҳазор метри муррабаъ мебошад.

Бунёди иншооти нави истеҳсолӣ қадами навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат буда, дастгоҳу таҷҳизоти дастрасшуда дар минтақа камназир мебошанд, ки ин барои нозуку пурҷило, мутобиқ ба дизайн ва мувофиқ ба талаботи мизоҷон омода сохтани санги мармару хоро мусоидат мекунад.

Барои фаъолияти доимии корхона ва ба талаботи замони муосир истеҳсол намудани маҳсулот мутахассисони варзида ба кор ҷалб шудаанд, зеро аксари механизми дастрасшуда бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногун вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд.

Дар коргоҳи навбунёд аслан маҳсулоти ватанӣ коркард мешавад, ки ин ба таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсолию ивазкунандаи воридот замина мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконияти корхонаи нави истеҳсолӣ ва намоиши масолеҳи истеҳсолшуда таъкид намуданд, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ, вусъат ёфтани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва зиёд гаштани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ ҳамзамон ба истифодаи сангҳои мармару хоро низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Дар баробари ин ба сангҳои ороишии баландсифат, аз ҷумла мармар ва хорои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ талабот зиёд буда, танҳо бо роҳи истеҳсоли маҳсулоти баландсифат метавон дар бозорҳои дохил ва хориҷ бо маҳсулоти истеҳсолии дигар ширкатҳо рақобатпазир гашта, талаботи мизоҷонро қонеъ сохт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE