Дар Тоҷикистон аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар минтақаҳо оғоз шуд
Аз 20 то 24 апрел баргузории аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» дар шаҳру ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли кишвар ҷараён мегирад. Дар ин бора мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода хабар дод.
Дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» тасдиқ гардид.
Дар ин замина, 20-24 апрел баргузории аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли кишвар дар назар аст. Зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму русуми меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони ин ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд.
Субҳи имрӯз 50 нафар ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар толори Кумита барои иштирок дар ин меҳмонӣ ҷамъ омаданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо иштирокчиёни иқдоми меҳмонӣ мулоқот намуд.
Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз 50 нафар ҷавонони фаъоли ВМКБ ҷиҳати иштирок дар ин меҳмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуруғ сафарбар карда шуданд.
Баргузории чунин иқдом то охири сол идома ёфта, дар маҷмӯъ тибқи нақша, 9 меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир карда мешавад.