Даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷараён дорад
Дар мамлакат даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки барои баргузории он 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст, ҷараён дорад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
20 апрел дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ даври аввали озмуни мазкур доир шуд, ки дар он 24 нафар донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.
Тибқи талаботи Низомномаи озмун, устодони таълимгоҳ, ки мутахассисони варзидаи соҳаи санъату фарҳанг мебошанд, ба ҳайси ҳакамон ба ҳунару истеъдоди донишҷӯён баҳо гузошта, 9 нафари онҳоро ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман» соли чорум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад:
— даври якум — моҳи май-июни соли 2022 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
— даври дуюм — моҳи июл — нимаи аввали моҳи августи соли 2022 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;
— даври сеюм — то 1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо супоридани ҷоизаву дипломҳо.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли равон ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.