Ифтитоҳи Муассисаи таълимӣ дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобруяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Дар муассисаи нави таълимӣ 9 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машғуланд.

Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта шудааст.

Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ системаи гармидиҳандаи буғӣ сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпуш ва бо шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE