Вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини аввали вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон
27 сентябри соли 2023 дар Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини аввали вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамоии рушди муносибатҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, воридоти технологияҳои нав ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.