Рашт: Ирсоли кӯмаки тиббӣ ва маводи ғизоӣ ба зарардидагон
12 июл комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Тоҷикобод ва Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офат таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз 123 хонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларза хисорот дидаанд, дидан кард. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд.
Дар пайи заминларзаи рухдода дар деҳаҳои Саричашма ва Бӯстон 21 хона пурра ва 56 хона қисман вайрон шуданд. Ба зарардидагон кумаки тиббӣ расонда шуда, корҳои зиддиуфунӣ роҳандозӣ шуданд. Инчунин сокинон бо маводи ғизоӣ, ниқоб, антисептик ва обу неруи барқ таъмин карда шуданд.
Ҳамчунин Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рашт ва гурӯҳи корӣ дар ин рӯз аз 146 хонаи зарардида боздид намуданд.
Ба гуфтаи гурӯҳи корӣ, дар ин минтақа 25 хона пурра ва 25 манзили дигар қисман хароб шудаанд, 94 хонаи дигар низ то ҳадде осеб дидаанд.
Барои касоне, ки манзили истиқоматиашон пурраву қисман хароб гардидааст, хаймаҳои муваққатӣ барои зист ҷудо карда шуда, бо маводи ғизоӣ, аз ҷумла орду равғани рустанӣ, маҳсулоти макаронӣ, биринҷ, ниқобҳои истифода барои як бор, антисептикҳо ва об таъмин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод заминларза ба амал омад. Чуқурии заминларза 10 км ва магнитудаи он 5,9 баллро ташкил дод. Зилзила дар километри 165-уми қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайвастааст. Қувваи ларзиши замин дар марказаш 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод. Бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли болои) Ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Барои омӯзиши вазъ, арзёбии зарари расида ва ҳамоҳангсозии корҳои рафъи оқибатҳои заминларза ба макони ҳодиса Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти геология, сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.