Кумакҳои пулии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, бахшида ба солгарди 77-уми Рӯзи Ғалаба бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Тавре дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи қарори дахлдор, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ кумак расонида мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE