Акнун 22% солона! Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Оё шумо аз иҷоранишинӣ, ки нисфи зиёди хароҷотро дар бар мегирад, хаста шудаед? Ё оилаи шумо калон мешаваду вақти он расидааст, ки ба фарзандонатон дар хариди хонаи нав кумак намоед? Ё шояд шумо солҳои зиёд барои манзили истиқоматӣ маблағ захира намуда истодаед, аммо вақт мегузараду шумо маблағи заруриро ҷамъ оварда наметавонед, зеро нархи хонаҳо боло рафта истодааст?

Мушкилоти манзили худро бо қарзи ипотекии Бонки Эсхата ҳал намоед.

Акнун 22% солона! Бонки Эсхата фоизи қарзи ипотекиро паст намуда, яке аз роҳҳои машҳури ҳалли мушкилоти манзилро боз ҳам дастрастар намуд. Шумо метавонед ба муҳлати то 10 сол қарз гиред ва маблағи онро ҳар моҳ қисм-қисм пардохт намуда, ба манзили шахсӣ як қадам наздик шавед. Бонк омода аст, ки 70% арзиши хонаро бо маблағи қарзӣ дастгирӣ намояд. Маблағи қарз аз 10 000 то 500 000 сомонӣ ва бо пули миллӣ пешниҳод мегардад.

Бояд иброз намуд, ки бонк на танҳо фоизи қарзро паст намуд, балки маблағи онро зиёд намуда, дастрасии мизоҷонро ба қарзи ипотекӣ васеъ намуд.

Бонк бо мақсади дастгирии ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешниҳод намудани қарзҳои ипотекӣ бо фоизҳои дастрас ва ҳамзамон мусоидат намудан ба беҳбуди вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон шартҳои ин намуд маҳсулотро дигаргун сохт.

Соҳиби манзил шудан боз осонтар шуд!

Тавассути ин истинод дархости қарзӣ гузоред: https://promo.eskhata.com/ipoteka

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE