Ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди омодагии Душанбе ба Форуми ҷаҳонии об
Дирӯз дар шаҳри Душанбе яке аз ҷаласаҳои ҷамъбастии кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Ҷаласаро Сарвазири Тоҷикистон, раиси кумитаи тадорукот Қоҳир Расулзода доир намуд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи тадорукот Сироҷиддин Муҳриддин оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми сатҳи баланд сухан гуфт. Зикр гардид, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ котиботи чорабинӣ иборат аз 11 нафар таъсис ёфта, ба сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарияти СММ ва дигар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ даъватнома ирсол гардидааст. Зиёда аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аллакай сабти ном шуда, иштироки худро тасдиқ кардаанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода дар бораи омодагиҳо ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Конфронси сатҳи баланд сухан гуфт.
Ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи ҷараёни марафони ҷаҳонӣ бо иштироки давандаи австралиягӣ, муассис ва директори генералии фонди «Thirst», ки 15 май дар Душанбе шурӯъ шуда, дар арафаи ифтитоҳи Конференсияи СММ оид ба об дар Ню-Йорк ба анҷом мерасад, иттилоъ дода шуд.
Намояндагони роҳбарияти дигар вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба фестивали об, ҷадвали экскурсияҳои иштирокчиёни хориҷии Конфронси дуюми сатҳи олӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар ҷойҳои қобили тамошои кишвари мо, инчунин оид ба таъминоти моддӣ ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ ҳисобот доданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳарчи зудтар дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои боқимонда оид ба омодагӣ ба конфронс дастурҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Ҳавасмандгардонии амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.