Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад

Аз аз 5 то 8 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба гуфти муовини Сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархон Шарофиддинов, ин селҳо бар асари об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешаванд.

Дар ин рӯзҳо ҳаво дар шаҳри Душанбе аз 37 то 39 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 25-27, рӯзона 40-41 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 24-25, рӯзона 38-40 дараҷа гарм, дар ВМКБ шабона 17-19, рӯзона 34-35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона 24-25 ва шабона 39-40 дараҷа гарм мешавад.

Сафархон Шарофиддинов илова кард, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Хатлон ҳаво шабона 20-21 ва рӯзона 34-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва пешакӣ тадбир андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишташон зарар расонанд.

«Дар ин рӯзҳо сокинон селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро бояд сари вақт аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад ва ба хонаҳо надарояд. Одамон бояд аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд», — гуфт муовини Сардори Маркази обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархон Шарофиддинов.

Ӯ ба ронандагон тавсия дод, ки бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддӣ риоя намоянд. «Бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила миёни мошинҳо шарти муҳими бехатарист», — зикр намуд ӯ.