Тоҷикистон ва Чин баъди ду соли таваққуф парвозҳои мустақимро барқарор менамоянд
Мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон ва Чин ба мувофиқа расидаанд, ки парвозҳои мустақимро миёни ду кишвар бо гузашти ду сол шурӯъ аз даҳаи сеюми моҳи июни соли равон барқарор намоянд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи танзими парвозию техникии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Шарифов иттилоъ дод, «ҷониби Тоҷикистон ва Чин барои амалӣ намудани як парвоз дар ду ҳафта ба мувофиқа расиданд — яъне дар як ҳафта ширкати ҳавопаймоии Чин ва ҳафати баъдӣ ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд. Нахустин парвоз миёни Тоҷикистон ва Чин баъд аз ду соли танаффус дар масири Урумчӣ-Душанбе-Урумчӣ аз ҷониби ширкати чинии «China Southern Airlines» 24 июн анҷом дода мешавад. Инчунин ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» дар оянда дар ин масир парвозҳоро барқарор менамояд».
Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз авали соли 2020 бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 ва аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон гардидани пандемия дар ҷаҳон парвозҳои мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Чин қатъ гардиданд.