Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мулоқот намуд
1 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо дар иртибот ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори сипос карда, хонум Тери Ҳакаларо барои таъйин шуданаш ба вазифаи намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд.
Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.
Таъкид шуд, ки робитаҳо дар доираи Муколамаи сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният, инчунин вохӯрии қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушду густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории зич бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи тиҷорат ва истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ омода аст.
Кумитаи ҳамкорӣ ва зеркумита оид ба ҳамкорӣ майдони мусоид барои баррасии масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ номида шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо дарназардошти решаҳои умумӣ ва робитаҳои таърихан муқарраршудаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар дохили минтақа афзалият медиҳад.
Зимни мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаккули “иқтисоди сабз” баланд арзёбӣ карда, барои минбаъд низ дастгирӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.