Пешвои миллат Маркази савдою хизматрасонии Суғдиёнро ифтитоҳ намуданд

Дар рӯзи якуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии Суғдиёнро, ки бо тарҳи хеле зебо ва муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки сохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳалӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли  2020 ба анҷом расидааст.

Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён шишабандӣ карда шуда, дохили бино бо системаи гармидиҳӣ ва сардкунӣ таъмин мебошад.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, ки дар дохили он ду адад лифт насб шуда ба коргарону мизоҷон хизмат мерасонад.

Дар ошёнаи якум намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли ватании ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” ташкил карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ соли 2013 250 нафар кор мекард. Айни ҳол бо баланд бардоштани иқтидори корхонаи қолинбофӣ теъдоди коргарон ба наздики 1000 нафар расонида шуд. Корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” дар таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо қолинҳои хушбофт саҳми арзанда дорад.

Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар саросари кишвар мағозаҳои фуруши қолин таъсис диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарияти корхонаро ба таъмини сифати маҳсулот ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла пашм ҷалб карданд.  Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат дурнамо, воридоти технологияи муосир ва нақшаҳои ояндаи корхона оид ба таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар ошёнаи дуюми Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳ намудани иншооти мазкур бо 150 нафар ятими кул суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим намуданд.

Дар ошёнаи сеюми Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён  коргоҳи дузандагӣ ташкил ёфтааст, ки дар он 100 нафар духтарону занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар маркази савдою хизматрасонии “Суғдиён” баъди васеъ намудани самти фаъолият дар оянда имкон аст, ки то 500 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таьмин гарданд.

Бинои муҳташами Маркази савдою хизматрасонии Суғдиён дар шафати роҳи асосии Хуҷанд- Ғафуров, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Мирзобаҳодуров Бахтиер ва Мирзобаҳодуров Мирзоабдураҳмон бунёд гардидааст.

Гирду атрофи бино бо сафолак, гулу буттаҳо ва фурӯзонакҳои равшанидиҳанда зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди чунин як Маркази савдою хизматрасонии муосир ва ташкили  коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.

Пешвои миллат дар ҳамин ҷо ба роҳбари коргоҳ ва масъулин ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани самти фаъолият дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE