Заминларзаи шадид ва талафоти зиёди ҷонӣ дар Афғонистон. Эҳтимол шумораи қурбониён зиёд гардад
Бар асари заминларзаи шаби гузашта дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии «Bakhtar» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод.
Дар вилоятҳои Хуст ва Пактико, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира». Дар натиҷа на кам аз 280 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар дод агентии «Pajhwok» дар шабакаи иҷтимоии «Twitter».
Дар навбати худ, шабакаи телевизионии «TOLOnews»-и Афғонистон гузориш дод, ки шаби гузашта заминларза рух дода, дар натиҷаи он чанд бинои истиқоматӣ хисорот дидаанд. Тибқи изҳороти мақомоти маҳаллӣ, феълан дар минтақаи офати табиӣ амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома дорад.
«Бар асари заминларза дар ноҳияҳои Бармало, Зирук, Нака ва Гаяни вилояти Пактико на кам аз 255 нафар ба ҳалокат расида, 155 каси дигар захмӣ шуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи ВАО-и маҳаллӣ. Ба садҳо нафар осебдидагон ёрии зарурии тиббӣ расонида шуда, хисороти расида арзёбӣ карда мешавад.
Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар дод, ки заминларзаи дар Афғонистон баамаломада дар Покистон ва Ҳиндустон низ дар масофаи беш аз 500 километр эҳсос шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА, на кам аз ду такони зеризаминӣ ба қайд гирифта шудааст: 5,9 ва 4,5 бал. Дар ҳарду маврид маркази заминларза дар умқи беш аз 10 километр ҷойгир буд.