Истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон»-и дараи Ромит дар басти дуюм 300 нафар наврасонро фаро гирифт

Дирӯз истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон», воқеъ дар дараи Ромит 300 нафар наврасонро аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар басти дуюм ба истироҳат фаро гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар басти дуюми истироҳат Федератсияи иттифоқҳои касаба дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо намояндагӣ аз ҳамаи 8 шаҳру ноҳияи вилоят 100 нафар наврасонро сафарбар намуд.

Дар маросими кушодашавии он Раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба Маликшо Неъматзода ва муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода иштирок намуданд.

Зикр карда шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ва наврасон аз авлавиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо ҳам овардани наврасони минтақаҳои гуногун дар баробари истироҳату фароғат, барои мустаҳакам гардидани дӯстии байни онҳо созгор хоҳад буд.

Дар истироҳатгоҳи «Коргарҷавонон» барои мактаббачагон тамоми шароити зарурӣ барои истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст. Дар басти якум низ дар ин истироҳатгоҳ 300 нафар наврасон фаро гирифта шуда буданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE