Ба шарафи 35-солагии Истиқлолият бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сохта мешавад

Дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон сохтмони бинои нави таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот маълумот дода шуд, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии 1 ва 2-и донишгоҳ сурат мегирад.

Сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шудааст, ки дар умум барои ғунҷоиши 4 ҳазор нафар донишҷў муқаррар гардидааст. Масоҳати умумии бино 19420 м2 -ро дарбар гирифта, масоҳати зери сохтмон 2158,5 м2 -ро фаро мегирад. Дарозии бино 16,40х21,20 буда, баландии ошёнаи якум 4.40 м ва баландии ошёнаҳои дигар 3,30 метрро ташкил медиҳад.

Илова гардид, ки ҳаҷми сохтмонии бино 86320, 9 м2 буда, дар он 144 синфхона ҷой хоҳад гирифт. Дар назар аст, ки дар бинои нави таълимии донишгоҳ 9 факултет ҷой гирифта, дар он 7 адад толори лексионӣ ва 2 маҷлисгоҳи хурд, 18 озмоишгоҳ сохта мешаванд. Барои пайвастан ба табақаҳои болоии бинои таълимӣ бунёди 4 лифт ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи пурраи лоиҳа ва бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулини бахши сохтмон супоришҳо дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE