Довари канории бозии “Равшан” (К) ва “Равшан” (З) аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд
Департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон довари канории бозии даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқовро аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард.
Ёвари дуюми довари марказии бозии Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб – «Равшан»-и Зафаробод Исломҷон Холиқов (Душанбе) барои сатҳи доварӣ тибқи банди 2.3.-и зербанди 2 (гирифтани баҳои ғайриқаноатбахш)-и Кодекси интизомии доварони ФФТ бо қарори Департаменти доварон ва нозирони ФФТ дар ду давр аз ҳаққи ҳакамии ҳама мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон маҳрум карда шуд.