Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид
2 август дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур шарикони иҷтимоӣ- Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Доир ба иҷрои Созишномаи генералӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазир Нурулло Маҳмадуллозода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Раиси Федератсия Маликшоҳ Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Иттиҳодия Айёмбек Акрамов гузориш доданд.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва дар заминаи он суботи ҷомеаю пешрафти он аз низоми самараноки шарикии иҷтимоӣ дар давлат вобастагии калон дорад.
Вобаста ба аҳамияти муҳими ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 барои таҳкими пояҳои шарикии иҷтимоӣ ва ба ин васила танзими самараноки муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои кишвар якчанд дастуру супоришҳо дода буданд.