Сироҷиддин Икромӣ бо кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бадахшон мулоқот намуд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии бонкӣ ва ба ин васила қонеъ намудани талаботи мизоҷон ба хизматрасонии босифат тамоми кормандонро зарур аст, ки бо дасти пок ва нияти нек фаъолият намоянд. Чунин зикр намуд Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар мулоқот бо роҳбарони филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот масъулини идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ доир ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкии БДА «Амонатбонк» дар соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таҳлилу пешниҳодҳои мушаххас гузориш доданд.

Зикр шуд, ки дар ВМКБ 9 филиал бо 40 маркази хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 1 адад хазинаи бегоҳирӯзӣ ба аҳолии шаҳри Хоруғ хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бидуни кушодани суратҳисоб, амалиёти хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, маблағҳои телефони мобилӣ, пур намудани ҳамёни электронӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохти маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиёти бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот марказҳои хизматрасонии бонкии №627-и филиали №74-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон ва маркази хизматрасонии бонкии №619-и филиали №72-и «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим барои гузоштани саҳми босазо дар рушди фаъолияти соҳа ва тақвияти мавқеи бонк дар низоми бонкии кишвар бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE