Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ, Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфавии кишвари иқомат Ғуломҳусайн Ҳусайниниё 10 август доир гардид. Дар ин бор ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои амалисозии барномаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар тайёр кардани мутахассисони касбиву техникӣ миёни марказҳои омӯзишии ду кишвар тибқи санадҳои имзошуда зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон дар моҳи майи соли ҷорӣ баён карданд.

Ёдовар мешавем, ки 29-30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор доштанд.

Дар доираи ин сафар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон аз сатҳи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, аз ҷумла идомаи муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат дар асоси ҳусни тафоҳуму эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ, инчунин тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳо зарур шуморида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE