Аҳмад Масъуд: Ба ҷуз мубориза бо «Толибон»* «роҳи дигаре» мавҷуд нест

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд иброз дошт, ки ба ҷуз мубориза бо «Толибон»* «роҳи дигаре» мавҷуд нест, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Atlantic Council».

Манбаъ менависад, ки аз суқути Афғонистон ба дасти «Толибон»* як сол сипарӣ мешавад, вале Аҳмад Масъуд аз муборизааш даст намекашад.

Ба гуфтаи Масъуд, гурӯҳ [«Толибон»*] ба муколама ё ислоҳи роҳҳои ақибмондаи худ манфиатдор нест. Аз ин рӯ, иттиҳоди навбунёди низомии ӯ, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ (ҶММ) муқовимати мусаллаҳона нишон медиҳад.

«Ба ҷуз муқовимат «роҳи дигаре» мавҷуд нест, то он даме, ки [аъзои «Толибон»*] дарк накунанд, ки онҳо низ бояд мисли ҳамаи мо ба раванди қонунӣ, ки ба таъсиси ҳукумати қонунии дар назди мардуми Афғонистон ва саросари ҷаҳон масъул оварда мерасонад, итоат намоянд», — гуфт ӯ ба ходими калони илмии Маркази Осиёи Ҷанубии «Atlantic Council», мушовири махсус ва намояндаи Бунёди Масъуд (Масъуд раиси он аст) Камол Алам.

Масъуд ёдовар шуд, ки дарҳол пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби «Толибон»* дар таърихи 15 августи соли 2021 ӯ ва муттаҳидонаш, ки дар водии Панҷшер қарор доштанд, талош карданд, ки таваҷҷуҳи «Толибон»*-ро ҷалб намуда, ба онҳо фаҳмонанд, ки «қонуният дар Афғонистон на бо истифода аз силоҳ…», балки бо раъйи мардум ба даст меояд.

Тавре Масъуд зимни суҳбат зикр менамояд, «муқовимат то замоне идома меёбад, ки «толибон дарк накунанд, ки режими низомӣ ё ҳукмронии гурӯҳи ҷангҷӯён бар кишвар имкон надорад».

Ба иттилои ӯ, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳамкорӣ бо бозигарони минтақавӣ кӯшиш кард бо толибон як навъ сулҳ ба даст ояд, аммо ин кӯшишҳо низ ноком шуданд. «Мутаассифона, — гуфт ӯ, — роҳбарони «Толибон»* тағйир наёфтаанд. Онҳо ҳатто аз пештара ифротитаранд».

Масъуд тазаккур медиҳад, ки «Толибон»* дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ноком шуданд, зеро онҳо бо гурӯҳҳои террористӣ як идеология доранд. Онҳо ҳукумати ҳамашумул таъсис дода натавонистанд, зеро ба он бовар надоранд.

Масъуд, ки падараш чанд рӯз пеш аз ҳамлаҳои 11 сентябр аз сӯи Ал-Қоида кушта шуда буд, ба паноҳгоҳи ошкорои толибон ба роҳбари «Ал-Қоида» Айман ал-Завоҳирӣ ишора кард, ки ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шуд. Ӯ гуфт, ки дар маркази Кобул иқомат доштани Завоҳирӣ «далели равшани он аст», ки [роҳбарони «Толибон»*] комилан бо чунин гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ҳамоҳанг шудаанд».

Ӯ афзуд, дигар гурӯҳҳои ифротгаро, аз қабили Ҳаракати исломии Узбекистон низ дар Афғонистон паноҳгоҳи амн пайдо мекунанд ва аз ин раванд чашм пӯшида, ҷомеаи ҷаҳонӣ «иштибоҳи фалокатбор» хоҳад кард, зеро ин оқибатҳои густурда дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE