Ҳанс Клюге гуфт кай пандемияи КОВИД – 19 ба анҷом мерасад

Пандемияи коронавирус оғози соли оянда ба анҷом мерасад. Чунин пешгӯиро сардори бюрои минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Ҳанс Клюге баён намудааст.

«Ҳолати вазнинӣ пушти сар шуд. Мо дар бораи коронавирус нисбат ба соли 2020, замоне ки он акнун паҳн мегардид, маълумоти бештар дорем, – иқтибос овардааст гуфтаи мансабдорро шабакаи телевизионии Дания – «DR».

Клюге зикр намуд, ки коронавирус пурра аз байн намеравад, вале ибтидои соли 2022 эҳтиёҷот ба маҳдудиятсозӣ намемонад. Дар зимн, ӯ ишора намуд, ки ин танҳо пешгӯист ва ҳоло ҳеҷ кас дақиқ гуфта наметавонад, ки вазъ дар оянда чӣ гуна хоҳад шуд.

Неъмати МУҲИБ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE