Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар манотиқи кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии кишвар, 16-17 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ омадани сели дорои хусусияти пиряхӣ дар назар аст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.
«Барои пешгирӣ кардани оқибатҳои сел бояд ҷӯю заҳбурҳо аз хошок тоза карда шаванд. Дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ, ба чарогоҳ бурдани чорво ва шикор дар минтақаҳои хатарнок худдорӣ бояд кард», — омадааст дар баёнияи кумитаи мазкур.
Инчунин ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳӣ, автомобилӣ, мототсиклронӣ ва велосипедрониро зарур аст, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бояд қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати воситаҳои нақлиётро риоя кунанд.