Ҷамъбасти даври дуюми бозиҳои гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо

Шоми сипаригашта  дидорҳои даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи Қаҳрамонҳо ҷамбаст гардид. Дар ин давр дастаи ПСЖ тавонист рақиби худро ба шикаст ру ба ру кунад. Реал Мадрид низ дар ин давр бар тими Лейпсиг пируз омад. Аммо Ювентуси Турин дар дувумин дидори худ низ натавонист имтиёзҳои заруриро ба даст орад. Дар доираи даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи Қаҳрамонҳо дастаи ПСЖ-и Фаронса бо тими Маккаби Хайфаи Исроил ба ҳам омад. Дидори ин дастаҳо дар варзишгоҳи Сами Офер доир шуда бо пирузии дастаи меҳмон ҷамбаст гардид. Дар аввал фаронсавиҳо қувваи худро эхтиёт карданд. Ҳамин буд ки мизбонон дар дақиқаи 24-ум ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфтанд. Голи дастаи Макабиро Тярон Шерри ба номаш сабт кард. Аммо пас аз ин ПСЖ ба худ омад ва ба ин голи дастаи исроилӣ посухи сазовор дод. Дар дақиқаи 37-ум Леонил Месси ба задани гол даст ёфт ва бо ин голаш рекорди наверо ба номаш сабт кард. Маккаби 39-умин дастае гардид, ки Месси ба дарвозаи он гол мезанад ва ҳамчунин ин мавсим 18-умин мавсимест, ки ин футболбози аргентинӣ бетаваққуф ба задани гол даст меёбад. Ду голи дигари дастаи парижиро Клиан Мбаппе ва Неймар ба нишон расонида, ҳисобро ба 1:3 баробар карданд.

Ювентуси Италия ва Бенфикаи ПОртугалия низ аз гуруҳи Эйч шоми дируз вориди майдони рақобат шуданд. Дар ин рақобат, ки дар варзишгоҳи Алянс баргузор гардид, мизбонон ба шикаст ру ба ру шуданд. Дар дақиқаи 4-уми бози Милик ба рахна кардани дарвозаи Бенфика даст ёфт. Аммо пас аз ин фаъолияти туриниҳо суст ба назар мерасид. Бо истифода аз фурсат португалиҳо ду маротиба дарвоҳаи дастаи Ювентусро рахна карда, пирузиро дар ин дидор насиби худ гардониданд. Голҳои дастаи Бенфикаро Жоау Мариу ва Нерес ба номи худ сабт карданд.  ПСЖ ва Бенфика пас аз ду даври диорҳо бо касби 6 имтиёзӣ дар мақоми якум ва дуюм ҷой гирифтаанд. Ювентус ва Макаби дар ҳисобашон ҳануз имтиёзе надоранд.

Дар доираи бозиҳои даври дуюми гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои Реал Мадрид ва Лейптсиг  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеуи шаҳри Мадрид  доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0  ба суди мизбонон  хотима ёфт. Голҳоро дар  ин вохӯрӣ Валверде ва Асенсио ба самар расониданд.   Дар бозии оянда, рӯзи 6-уми октябр Реал Мадрид дар сафар муқобили Шахтиёр  ва Лейптсиг бо Селтик  майдондорӣ мекунанд.

Дастаҳои Шахтиёри Украина ва Селтики Шотландия аз гуруҳи еф дидори даври дуюмашонро бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст намуданд. Ҳамакнун дар ин гуруҳ Реал бо шаш имтиёз дар зинаи аввал. Шахтёр бо 4 хол дар мақоми дувум ва Селтик танҳо бо доштани 1 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Лейпсиг ҳануз имтиёзе ба даст наовардааст.

Аз гуруҳи Ҷи дар доираи бозиҳои даври дуюми гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаҳои Манчестер Сити ва Боруссияи Дортмунд   ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи Иттиҳоди шаҳри Манчестер  доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1  ба суди мизбонон  хотима ёфт. Голҳоро дар  ин вохӯрӣ Стоунз, Ҳоланд, ва Беллингем ба самар расониданд.   Маҳз голи ба самар расонидаи Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаи 84-уми бозӣ   ба дарвозаи собиқ дастааш ғалабаи “шаҳриҳо”-ро таъмин кард. Дар бозии оянда, рӯзи 6-уми октябр Манчестер Сити дар сафар муқобили Коппенгаген  ва Севиля бо Боруссияи Дортмунд  майдондорӣ мекунанд.

Дидори дастаҳои Копенгагени Дания ва Севиляи Испания аз ин гуруҳ бидуни гол хотима ёфт. Мавқеи аввалро дар гуруҳи Ҷи пас аз ду дидор бо шаш имтиёз МС соҳиб аст. Боруссия се имтиёз ва Корпенгагену Севиля як холи доранд.

Дар гуруҳи И Милани Италия бо Динамо Загреби Хорватия андари майдони рақобат шуд. Ин дидор, дар варзишгоҳи Ҷузепе Митса доир гардид, бо пирузии мизбонон бо натиҷаи 3:1 ҷамбаст гардид. Челсии Анлия ва Ред булли Австрия дидори даври дуюми марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳоро бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамбаст намуданд. Дар гуруҳи И Милан бо касби 4 хол дар мақоми аввал аст. Динамо Загреб се имтииёз дорад ва мақоми дуюмро ишғол кардааст. Ред бул ду ва Челси як имтиёз дошта дар мақомҳои сеюму чоруми гуруҳ мавқеъ гирифтаанд.

                                                                        Раҳмонзода Мижгон,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE